12+
Мустафо дар чанголи иблисон

Объем: 86 бумажных стр.

Формат: epub, fb2, pdfRead, mobi

Подробнее

Қисми як.

Писаре, ки бо воқеаи ғайричашм рӯ ба рӯ гашт Як писари шонздаҳсола, бо номи Мустафо Насимӣ дар оила фарзанди танҳо буд. Модари ӯ Марям ва падари ӯ Насим ном доштанд. Онҳо фарзанди ягонаашонро аз ҳад зиёд дӯст медоштан. Мустафо дар байни ҳамсинфони худ болаёқаттарин буд. Ӯ дили касеро намеранҷонд. То қадри имкон ба онҳо дасти ёрӣ дароз мекард. Дар даруни меҳру муҳаббат зиндагӣ доштани Мустафо сабаб мешавад, ки ӯ ба ҳама ғамхор бошад.

Рӯзе Мустафо аз мактаб омад ва дар пеши хонаашон як мошини боркашеро дид. Ин ҳолати ғайриодӣ буд, барои он, ки боре ба хонаи онҳо мошинаи боркаш наомадааст ва ӯ ба хона бо зудӣ даромад. Волидайни ӯ ҳама чизҳои хонаро ҷамъ мекарданду ба ҷомадон ҷо менамуданд.

«Модар чӣ шуд? Шумо ба куҷо?» Мустафо аз Марям пурсон шуд.

Модар ҷавоб дод: «Шумо не, балки мо. Аз ин хона ба хонаи дигар мегузарем. Падаратро аз кор озод намуданд ва ба ҷои ӯ шахси дигареро гузоштанд. Ӯ аз шаҳри дигар коре пайдо кард. Аз ин хотир мо ба ҳамон ҷо меравем.»

Ин барои Мустафо хабари ҳайратангез буд.

«Ба шаҳри дигар! Аммо модар ҳамаи дӯстонам…» Мустафо бо овози баланд сухан сар карда буд, модар суханони ӯро бурида ҷавоб кард: «Писарам, вақте, ки ба мактаби нав дохил мешавӣ, дар он ҷо низ дӯст пайдо мекунӣ. Мо то ҳамин рӯз ба хоҳиши ту зид набаромадем. Ин дафъа ғайриимкон аст. Мо аллакай ин хонаро фурӯхтем ва аз он шаҳр хонаи хуб ҳам пайдо кардем. Ту ҳозир ба хонаи худ рав ва ҳама чизҳоятро ҷамъ куну ба мошини боркаш бар! Ҳозир соҳиби нави ин хона ҳам меояд.»

Мустафо фаҳмид, ки гапҳои ӯ фоида надорад ва сухане нагуфта ба хонаи худ бо қаҳр баромада рафт. Ба хона даромад, хона бетартиб буд. Ба ҳама тарафҳои хона муддате назар андохт ва худ ба худ гуфт: «Наҳод хонаеро, ки ман таваллуд шудам ва шонздаҳ солро гузарондам, тарк мекунам.»

Ҳама чизҳои Мустафо дар рӯи хона чапа-роста буд. Ӯ ҳеҷ гоҳ хонаашро ҷамъ намекард. Ӯ ҳама чизҳоро аз рӯи хона ҷамъ кард ва ба як ҷомадон гузошту ба берун баровард. Пеши дар падари ӯ бо соҳиби нав дар бораи ҳолати хона сӯҳбат карда истода буд. Мустафо бо табъи хира чизҳои худро ба мошини боркаш бор кард ва гашта ба хона муддате нигоҳ карда истод. Пас аз чанд лаҳза ӯ ба мошинаи падараш, ки мошинаи сабукраве буд, рафта нишаст. Аз байн бист дақиқа гузашта волидайни ӯ низ омаданд. Падари ӯ мошинаро ронд ва онҳо ба роҳ баромаданд. Аз ақиби онҳо мошинаи боркаш низ меомад. Мустафо аз тиреза берунро тамошо карда мерафт. Ғамгинии ӯро дида падар гуфт: «Мустафо, ба он шаҳр низ одат мекунӣ ва дӯстони зиёд пайдо мекунӣ.»

Аммо Мустафо сухане нагуфт, ҳатто чашмонашро аз тиреза наканд. Падару модар ба якдигар нигоҳ карданд ва фаҳмиданд, ки ӯ рафтан намехоҳад. Аммо онҳо илоҷи дигар надоштанд. Волидайн кӯшиш мекарданд, ки табъи Мустафоро болида гардонанд, вале ӯ ба ин аҳамияте намедод. Онҳо тӯли ду соат роҳро тай намуданд. Дар ин муддат Мустафо ҳарфе назад.

Ниҳоят онҳо ба хонаи нав расида омаданд ва аз мошин фаромаданд. Барои Мустафо тарзи хона аҳамияте надошт. Аз ақиб мошинаи боркаш низ расида омад. Собиқ соҳиби хона онҳоро интизор буд, ба назди онҳо омаду гуфт: «Мана ин хона. Ин хона эҳтиёҷ ба таъмир дорад барои он, ки чор соли охир дар ин ҷо касе зиндагӣ накардааст. Вале ман зуд — зуд хабар мегирифтам.»

Мустафо чизҳои худро аз мошин гирифту ба тарафи хона рафт. Хона хеле калону дуошёна буд. Вақте ки ӯ аз дар ба хона ворид шуд, маълум буд, ки дар ин ҷо муддати дароз касе зиндагӣ накардааст. Ҳама ҷоро чангу ғубор пӯшонида буд. Мустафо муддати дароз барои худ хона интихоб мекард. Ӯ ҳама хонаҳоро аз назар гузаронд ва тасмим гирифт, ки дар ошиёнаи дуюм мезистад. Ӯ яке аз хонаҳоро аз ошиёнаи дуюм интихоб карда чизҳояшро гузошт.

Ӯро аз поён Марям фарёд зад, то ин ки барои ҷо ба ҷо кардани ҷиҳозҳо кӯмак расонад. Онҳо ҳама чизҳоро ба хона дароварданд. Марям ба Мустафо анбур, табар ва болғаро дод ва фармуд, ки онҳоро ба анбор барад. Ба анбор аз дарун ворид шудан мумкин буд. Вақте, ки ӯ ба анбор даромад, дар ҳайрат монд, барои он ки анбор хеле калону васеъ буд. Аммо ягон тирезае надошт. Дар анбор чизҳои кӯҳнаю баланду паст зиёд буданд, аз ҳамин сабаб ҳама тарафи анборро дидан ғайриимкон буд. Ӯ асбобҳоро ба як ҷо гузошт ва барои анборро хубтар аз наза гузарондан боз ба дарунтар даромад. Ӯ дид ки анбор дари дигаре доштааст. Рафта дари дуюмро кушод ва дид, ки аз он ба ҳавлии кушод баромадан мумкин будааст. Ӯ гашта дарро пӯшид ва ба тарафи дари якум гашта буд, ки касе аз як тараф ба тарафи дигар давида гузашт. Аз сабаби торикӣ ӯ хуб мушоҳида карда натавонист. Аммо ӯ боварии комил дошт, ки чизе ё касе ҳаракат кард.

«Модар ин туӣ?» Мустафо савол дод.

Аммо ҷавоб наомад. Дили уро тарс фаро гирифт ва ӯ ҳамон қадар бошитоб аз дари якум баромада рафт, ки ҳатто дарро напӯшид. Баъди чанд лаҳза дар худ аз худ пӯшида шуд. Пас аз ҳама чизҳоро ҷо ба ҷо кардан онҳо барои тановули хӯроки шом ба атрофи миз нишастанд.

Падар ба Мустафо гуфт: «Мустафо ман ҳуҷҷатҳои туро ба мактаб супоридам. Пагоҳ ба мактаби нав меравӣ. Ӯ аз ин ҷо дур нест. Ӯ дар назди шоҳроҳ аст.»

Мустафо ҷавоб надод. Воқеае, ки дар анбор шуда буд, аз хаёли ӯ намебаромад. Ӯ нияти ба волидон гуфтанро дошт, аммо боз фикри худро иваз кард ва эҳтимол кард, ки дар он ҷо ҳеҷ чиз набуд. Дар бораи ин ӯ дудила шуда, ба хӯроки худ нигоҳ карда нишаста буд.

«Писарам, чаро бисёр хаёл мекунӣ? Ман боварӣ дорам ки дар он ҷо туро хуб қабул мекунанд.» гуфт падар бо мақсади ӯро аз ғаму андӯҳ озод кардан.

Мустафо ба падар нигоҳ кард ва барои хотири ӯро ҷамъ кардан, нимтабассум кард.

«Албатта! Ман рафта чизҳои ба мактаб лозимаамро тайёр намоям.» ҷавоб кард Мустафо ва омин карду мизро тарк кард. Ӯ ба хонаи худ даромад ва ҳама чизҳои лозимаро омода карду хоб рафт.

Субҳ фаро расид! Мустафо аз хоб хеста наҳорӣ кард ва ба мактаб равона шуд. Ӯ дар роҳ бо хаёлҳои гуногун мерафт. Вақте ки ӯ ба мактаб даромад, ӯро як муаллим дида ба пеши ӯ омад. Мустафо салом дод. Муаллим алик гирифту гуфт: «Биё Мустафо! Ман Ғофил Саидзода, директори ҳамин мактаб. Аз паси ман биё! Туро бо роҳбари синфат ва ҳамсинфонат шинос менамоям. Роҳбари синфат низ дар синфхонаи шумо аст».

Онҳо ба сӯи синфхона мерафтанд ва то рафт дар дили Мустафо ҳаяҷон пурзӯр мегашт. Устод ба синф даромад ва Мустафо аҳиста ӯро пайравӣ мекард. Дар синфхона хонандагони зиёд нишаста буданд ва як муаллим дар назди мизи худ меистод. Хонандагон хестанду ба устод салом доданд. Устод низ салом дод. Ӯ ба хонандагон барои нишастан иҷозат дод ва гуфт:" Хонандагони азиз! Имрӯз ба сафи шумо хонандаи нав ҳамроҳ мешавад. Ин Мустафо Насимӣ. Ман боварӣ дорам, ки шумоён Мустафоро ба сафи худ ҳамроҳ менамоед ва бо ӯ риштаи дӯстӣ мебандед.»

Устод ба Мустафо муроҷиат карда гуфт: «Мустафо, инҳо ҳамсинфони ту. Ин устод бошанд, роҳбари синфи ту, Аҳмад Азимӣ. Бирав ҷои худро ишғол намо!»

Дар қафои синф як мизи холӣ буд, Мустафо рафта нишаст. Устод Саидзода синфро тарк намуд. Устод Азимӣ бошанд дарсро оғоз намуд: «Бачаҳои азиз! Имрӯз мо ба қисмати ситоршиносӣ мегузарем. Кӣ ба ман дар бораи системаи офтобии мо маълумот медиҳад?»

Мустафо дасти худро бардошт.

«Марҳамат Мустафо» гуфт устод Азимӣ.

Ҳамма ба хонандаи нав диққати худро доданд. Мустафо худро ба даст гирифту аз ҷои худ хест ва гуфт: «Мувофиқи малумоти Гелеосенрикии олам дар маркази системаи офтобии мо офтоб меистад ва дар атрофи он ҳашт сайёра давр мезананд. Замини мо сеюмин сайёраи системаи офтобӣ аст, ки баъд аз Аторуд ва Зӯҳро қарор дорад. Баъд аз замин бо панҷ сайёра: Миррих, Юпитер, Сатурн ва Уран мавҷуд мебошанд. Замини мо тӯли бисту чор соат як маротиба дар радифи худ ва тӯли як сол як маротиба дар атрофи офтоб давр мезанад. Замин як радиф дорад ва ин моҳтоб аст.»

Ба ҳозирҷавобии Мустафо устод Азимӣ ва ҳамаи хонандагон дар ҳайрат монданд ва устод гуфт: «Олиҷаноб! Акнун ман ба маълумотҳои Мустафо маълумотҳои дигареро ҳамроҳ менамоям ва васеътар мефаҳмонам.»

Устод маълумотҳои ҷолибро пешкаши хонандагон кард ва дарс ба охир расид. Вақте ки Мустафо аз рӯи миз дафтару китобҳои дарсиҳояшро ҷамъ мекард, ба пеши ӯ се писарҳое омаданд. Аз чеҳра ва тарзи истодани онҳо маълум буд, ки онҳо барои бо Мустафо наздиктар шинос шудан наомаданд. Писаре, ки дар мобайн истода буд, мӯйҳои ҷингилаю чашмони калон-калон дошт, дастони худро ба мизи Мустафо монд ва гуфт: «Ба ман диққат кун Мустафо! Ман Сарҳад, ин Нозим ва инаш бошад Исроил. Бачаҳои донояк ба табъи ман намефоранд ва аз ин рӯ ҳар як қадами худро фикр карда гузор!»

Мустафо ба Сарҳад нигоҳ карду ҳеҷ чиз нагуфт. Ӯ худро дар даруни бегонагон ҳис мекард ва ин барои ӯ ноқулай буд.

«Имрӯз кӣ дар синф навбатдор?» пурсид яке аз духтарони синф.

«Мустафо» чавоб дод Сарҳад бо овози баланд.

Мустафо ҳайрон шуд ва гуфт: «Аммо Сарҳад, ман ҳозир омадам.»

«Ҳозир омада бошӣ, аз ҳозир оғоз мекунӣ ва ту бояд ба ин одат кунӣ» гуфт Сарҳад.

Як духтаре, ки ба ин ноадолатӣ тоқат карда натавонист, аз ҷои худ хест ва гуфт: «Сарҳад, имрӯз навбати Мустафо нест. Инро ҳама медонанд.»

«Фаришта, дар ин синф ман сардорам ва киро хоҳам ҳамонро таин менамоям. Ту ҳақ надорӣ, ки корҳои синфро идора кунӣ.» гапҳои Фариштаро Сарҳад писанд накард.

Фаришта хеле духтари зебо, боақл, хушмуомила буд. Ӯ ба Сарҳад ғазабона нигоҳ кард. Дар ҳақиқат ҳам Сарҳад сардор буд ва аз ҳамин сабаб Фаришта ба ӯ сухане нагуфту ба ҷои худ нишаст.

«Мустафо рав тахтаи синфро тоза намо!» фармуд Сарҳад бо оҳанге, ки сардори оффис ба фаррошон муроҷиат мекунад. Мустафо ҳеҷ чиз нагуфта ба фармон итоат кард. Вақте ки ҳамаи дарсҳо ба охир расиданд, Фаришта оҳиста ба пеши Мустафо омаду барои дили ӯро гарм кардан гуфт: «Мустафо, аз Сарҳад маранҷ! Хулқу атвори ӯ ҳамин тавр. Агар касе аз ӯ пешрафттар бошад, ин ба ӯ алам мекунад.»

«Не, ҳамаш хуб!» ҷавоб дод Мустафо бо нимтабассум.

«Майлаш, хайр!» гуфт Фаришта ва рафт. Ҳама рафтанд. Дар синф ғайр аз Мустафо касе намонд. Вақте ки Мустафо аз дар баромад, Сарҳад, Исроил ва Нозим истода буданд. Сарҳад, ки ба девор такя карда истода буд, абрӯҳояшро бардоша аз Мустафо пурсид: «Ту ба куҷо Мустафо?»

«Ба хона» Мустафо ҷавоб кард ҳайронона.

«Оё ман ба ту нагуфтам, ки имрӯз ту навбатдор ҳастӣ?» суол дод Сарҳад гарчанде, ки ҷавобро медонист.

«Бале, гуфтӣ» ҷавоб кард Мустафо ва ӯ фаҳмид, ки Сарҳад ба чӣ киноя мекунад.

«Агар гуфта бошам, ба қафо гард ва фаршҳоро тоза намуда, ҳамаи курсиҳоро ба болои миз гузор"Сарҳад фармон дод.

«Аммо ман як худам…» гуфта буд, ки гапи Мустафоро бурида, Сарҳад гуфт: «Агар ту дар як миз танҳо нишинӣ, ин айби ман нест.»

Мустафо дигар сухан накард ва ба синф гашта даромад. Сарҳад, Исроил ва Нозим бошанд аз ғолибият баҳра бурда рафтанд. Вақте ки Мустафо синфро тоза карда истода буд, устод Саидзода, ки аз пеши дар мегузашт, ӯро дид ва ҳайрон шуду ба синф даромада аз ӯ пурсид: «Чӣ кор карда истодаӣ, Мустафо?»

«Имрӯз ман навбатдор» ҷавоб дод Мустафо.

«Аммо ту имрӯз омадӣ-ку» гуфт устод.

«Ҳеҷ гап не устод» гуфт мустафо оромона.

Устод ба Мустафо муддате нигоҳ карда истоду пурсид: «Оё туро Сарҳад таин кард?»

«Не устод. Дар хона ҳам коре надоштам аз ҳамин сабаб пешниҳод кардам, ки имрӯз навбати худро гузаронам.» Мустафо ҷавоб кард.

Гарчанде, ки Мустафо ҳақиқатро пинҳон мекард, устод хулқу атвори Сарҳадро хуб медонист.

«Ҳолати синф бад нест. Ба ту ҷавоб. Ба хонаат рав!» устод фармуд ва баромада рафт.

Мустафо корҳои худро ба охир нарасонда рафт. Табъи ӯ хира буд. Вақте ки ӯ ба хона даромад, модар пурсон шуд: «Хӯрок тановул мекунӣ?» «Не» ҷавоб дод Мустафо ва ба хонаи худ даромада рафт. То шом ӯ аз хонаи худ набаромад. Модар хавотир шуд, аммо тасмим гирифт, ки ӯро ба ҳоли худ мегузорад, Дар шом модар ӯро фарёд кард, ки ба хӯроки шом ояд. Мустафо ба поён фаромад ва онҳо дар атрофи миз нишастанд.

«Мустафо, бо ҳамсинфонат ва устодонат шинос шудӣ?» падар пурсон шуд.

«Бале» ҷавоб дод Мустафо ба падар нигоҳ накарда.

«Оё мактаби нав ба ту писанд омад?» падар боз суол дод.

«Бале, маъқул. Ман камакак дарс тайёр намоям» гуфту Мустафо хӯроки шомро ба охир расонд. Ӯ ба хонаи худ даромад ва ба китоб ҳатто нигоҳ ҳам накарду хоб рафт.

Ногоҳ ӯ аз овози кушодашавии дар бедор шуд ва вақте ки ӯ чашмонашро хоболуд кушод, касе дарро пӯшид. Мустафо ба соате, ки дар рӯи миз истода буд, нигоҳ кард. Соат 12:30 буд. Ӯ боварии комил надошт, ки оё дар пӯшида шуд ё не. Ӯ оҳиста аз ҷои худ хест ва ба дар наздик шуд. Ӯ оҳиста дарро кушод ва баромад аммо дар он ҷо ҳеҷ кас набуд. ӯ гашта омад ва хоб рафт.

Субҳ! Пас аз наҳорӣ кардан Мустафо ба мактаб рафт. Вақте ки ӯ ба пеши дари мактаб омада истода буд, ногаҳон Фариштаро дид ва фарёд кард. Фаришта ӯро дид ва то омадани Мустафо нигоҳ карда истод.

«Салом, аҳволат чӣ тавр?» пурсид Фаришта, вақте ки Мустафо ба пеши ӯ омад.

«Хуб, раҳмат. Худат чӣ тавр» пурсон шуд Мустафо.

«Хуб» ҷавоб кард Фаришта бо табассум.

Онҳо якҷоя ба синфхона ворид шуданд. Вақте ки онҳо аз дар даромаданд, ҳамаи ҳамсинфон омада буданд ва Сарҳад, дар курсии муаллим нишаста буд, бо оҳанги масхара гуфт: «Нигаред! Ифтихори синфи мо, мӯҳтарам Мустафо Насимӣ омаданд. Ҷаноб, мо шуморо аз ҳад зиёд ҳурмат мекунем ва аз ин хотир расми шуморо ба тахтаи синф тасвир намудем, то ин ки чеҳраи шуморо доимо дида истем.»

Ҳама яку якбора ханда карданд, барои он ки дар тахтаи синф як писараке бо рӯи хандаовар кашида шуда буд. Барои Фаришта ва Мустафо ин ҳолат хандаовар набуд.

«Ба дил магир» гуфт Фаришта ва рафту тахтаи синфро тоза кард.

Сарҳад низ дар қатори ҳама ханда карда истода буд, ба Фаришта гуфт: «Фаришта, ин қадар ӯро ҳимоя накунӣ. Танҳо нагӯ, ки дӯст медорӣ. Агар ин тавр бошад, лозим меояд, ки то охир ӯ туро не балки, ту ӯро ҳимоя кунӣ»

Дар синф садои ханда боз ҳам баландтар гашт.

«Ҳама ба мисли ту нест, Сарҳад» гуфт Фаришта бо садои ғазабнок.

Мустафо сухане нагуфт ва ба замин ингоҳ карда меистод. Пеш касе ӯро ин тавр масхара накарда буд ва ӯ бо касе ҷанг накарда буд, аз ҳамин сабаб ӯ ба суханони Сарҳад ҷавоб гардонда наметавонист. Ӯ рафта ба ҷои худ нишаст. Фаришта фаҳмид, ки суханони Сарҳад ба дили Мустафо сахт расид. Муаллим даромад ва дарс оғоз шуд. Фаришта ба Мустафо дар рафти дарс нигоҳ карда мемонд, аммо Мустафо то анҷоми дарсҳо сари худро ба болои миз монда нишаст ва ба касе ҳарфе назад.

Дарс ба охир расид. Ҳама рафтанд, Мустафо низ ҳама чизҳои худро гирифт ва аз синф баромада истода буд, Фаришта ҳоло дар синф нишаста буд ва барои рафтан омодагӣ намедид.

«Барои чӣ ту дар ин ҷо нишастаӣ?» Мустафо аз Фаришта пурсид.

«Имрӯз навбати ман ва Лайли наомадааст, акнун ба ман лозим меояд, ки синфро танҳо тоза намоям» Фаришта ҷавоб кард бо садои ғамгин.

«Биё ба ту ёрӣ мерасонам» гуфт Мустафо ва папкаашро ба рӯи миз гузошт.

Фаришта аз ин хурсанд шуд. Мустафо курсиҳоро ба рӯи миз мегузошт, Фаришта бошад латтаро гирифту тахтаи синфро тоза мекард. Аз сабаби баланд будани тахтаи синф қади Фаришта то боло намерасид. Ӯ меҷаҳид. Инро Мустафо дида табассум кард ва бардоштани курсиҳоро қатъ карду ба назди Фаришта омад. Ӯ ҳоло ҳам то қадри имкон баландтар меҷаҳид. Мустафо дасташро бардошта аз дасти ӯ латтаро гирифту болои тахтаи синфро тоза намуд. Фаришта табассум кард. Онҳо пайхас накарданд, аммо ҳамаи инро устод Саидзода бо хотираҳои рангини ҷавонии худ аз назди дар тамошо карда меистод. Онҳо ба охир расондан. Устод оҳиста рафт. Онҳо ба якдигар «хайр» гуфтанду рафтанд.

Мустафо ба хона даромад.

«Мустафо, хӯроки нисфирӯзӣ омода» Марям гуфт.

«Ҳозир, либосҳоямро иваз менамояму мефароям» гуфт Мустафо ва ба боло баромада рафт. Ӯ либосҳояшро иваз намуд ва фаромад. Пас аз тановули хӯрок Мустафо гуфт: «Ман дар хонаи худ мешавам.» Ӯ ба боло баромад ва ба хонаи худ даромадан мехост, аммо дари хона кушода нашуд. Ӯ бори дигар кӯшиш кард, вале ин ғайриимкон буд. Ӯ ба поён, пеши модараш фаромад.

«Оё дари хонаи маро шумо қулф кардед?» пурсид Мустафо

«Не! Бе иҷозати ту қулф кардан чӣ лозим?» ҷавоб дод Марям ҳайрон гашта.

«Ҳозир, вақте ки либосҳоямро иваз кардам, дар кушода буд, аммо ҳозир қулф» гуфт Мустафо.

«Мумкин, ки тасодуфан қулф шуда бошад. Ҳозир ман калидҳоро меорам» гуфт модар ва ба хонаи дигаре даромада рафт.

Ӯ лаҳзае ҳамаи хонаҳоро ҷустуҷӯ намуд, аммо дарёфт накард. Ӯ муддате фикр кард, ки имрӯз ба куҷоҳо рафта буд. Ӯ ҳама ҷоро аз назар гузаронд, аммо ғайр аз анбор.

«Саҳар анборро тоза карда будам, шояд ба ҳамон ҷо монда бошам? Рафта ҳамон ҷоро ҷустуҷӯ намо Мустафо» фармуд Марям.

Мустафо сарашро ҷунбонду ба анбор рафт ва даромад. Ӯ ба ҳама ҷо бодиққат нигоҳ кард, зеро, ки анбор торик буд ва дид, ки калид дар рӯи як мизи кӯҳна истода буд. Ӯ рафта калидро гирифт ва ба сӯи дар қадам зад.

«Ист!» Аз тарафи ким кадоми анбор садои форами духтар омад.

Мустафо якбора шах шуд ва ба гӯшҳои худ бовар накарда, оҳиста ба қафои худ нигоҳ кард, аммо дар он ҷо касе набуд. Мустафо аз тарс меларзид.

«Дар инҷо касе ҳаст?» ӯ бо овози пасту ларзонаш суол дод. Муддате сукунат буд.

«Ту моро мешунавӣ?» овоз омад.

«Бале» ҷавоб дод Мустафо.

«Шояд мебинӣ ҳам» овоз омад

Мустафо ба ҳама ҷо нигоҳ кард ва пурсон шуд: «Ту дар куҷоӣ?»

«Ман ҳозир ба пеши ту мебароям, танҳо ту худро ба даст гир, натарс!» овоз Мустафоро каме ором кард.

Аз кунҷи анбор, аз қафои як ҷевони кӯҳна як духтаре бо либоси сап — сафед баромад. Ӯ мӯйҳои дароз дошт ва дар гардани ӯ як тӯморе буд, ки санги ӯ нури кабуд мепошид. Духтар зебо буд, аммо ин зебогӣ ба Мустафо танҳо тарс меовард ва ӯ суханони худро гум кард. Аз рӯи ӯ ранг бипарид, азбаски ин рӯҳ буд.

«Натарс! Ман ба ту зараре намерасонам» гуфт рӯҳ.

«Ту кистӣ?» Пурсон шуд Мустафо, аммо ӯро тарсу ваҳм тарк накарда буд.

«Ман Зевар» ҷавоб дод рӯҳ.

Дар ҳамон лаҳза аз пушти Мустафо дар кушода шуд. Аз овози дар тарси ӯ боз пурзӯр гашт ва саросема ба дар нигоҳ кард. Ин Марям буд.

«Мустафо, калидро ёфтӣ?» ӯ пурсон шуд.

Мустафо гашта ба тарафи Зевар нигоҳ кард, аммо дар он ҷо ҳеҷ кас набуд.

«Чӣ шуд Мустафо? Барои чӣ рангпарида ҳастӣ?» бо хавотир пурсид Марям ва ба пеши ӯ омаду руяшро дошт.

«Не не, ҳеҷ чиз. Худамро каме бетоб ҳис мекунам» ҷавоб дод Мустафо.

«Рафтем! Ман ба ту дору медиҳам.» гуфт Марям ва ӯро аз китфаш дошт. Вақте ки онҳо аз анбор мебаромаданд Мустафо оҳиста ба ҳар тарафи анбор нигоҳ карда монд. Аммо чизеро надид. Онҳо калидро бурданд ва дар кушода шуд. Марям ба Мустафо доруе бо як пиёла чой дод ва Мустафо онро нӯшид.

«Акнун хоб рав! То субҳ хуб мешавӣ» Марям ба ӯ гуфту баромада рафт.

Дар пеши чашмони Мустафо акси Зевар меистод. Ӯ ба худ саволе медод, ки оё имконпазир аст, ки одам бо рӯҳ сӯҳбат намояд? Ӯ дар бораи ин муддати дарозе фикр кард ва ниҳоят хобаш бурд.

Саҳар! Мустафо аз хоб хест ва барои дасту рӯ шустан ба ҳаммом рафт, кранро кушод, аммо об нафаромад. Кранро гашта пушиду ба модар фарёд кард: «Модар чаро об нест?»

«Барои чӣ нест? Ҳаст.» аз берун ҷавоб кард Марям.

«Нест. Шояд вайрон шуда бошад?» тахмин кард Мустафо

Марям ба пеши Мустафо даромаду гуфт: «Мустафо, дақиқае пеш ман аз ин ҷо об гирифтам» ва кранро кушод. Об фаромад. Мустафо ба чашмонаш бовар намекард аммо пас аз лаҳзае фаҳмид, ки ин кори кист.

«Ташаккур» гуфт Мустафо ва Марям баромада рафт.

Пас аз наҳорӣ кардан, ӯ ба мактаб рафт ва ба синф даромад.

«Салом Мустафо.» Гуфт Фаришта

«Салом» бо табассум ҷавоб кард Мустафо ва гузашта ба ҷои худ нишаст.

Ба синфхона устод Саидзода ворид шуд. Ҳама аз ҷои худ хесту салом дод. Устод низ салом дод ва барои нишастан иҷозат дод.

«Инро кӣ кард?» пурсид устод бо дасташ ба девор ишора карда. Ҳама ба девор нигоҳ карданд ва диданд, ки изҳои пойафзол зебогии деворро вайрон кардааст. Сарҳад аз ҷои худ хест ва гуфт: «Дирӯз баъд аз итмоми дарс ин изҳо набуданд ва мо рафтем, аммо Мустафо ва Фаришта барои тоза намудани синф монданд. Даме ки саҳар омадем ин изҳо аллакай дар девор буданд.»

«Фаришта ва Мустафо» бо овози баланд гуфт устод ва онҳо аз ҷои худ оҳиста хестанд.

«Оё шумо синфро тоза намудед ё ин ки баракс» гуфт устод ва Сарҳад табассум кард. «Маълум, ки ин изи пойафзоли духтар нест»

«Аммо инро Мустафо накардааст» гапи устодро бурид Фаришта.

«Ба шумо ҳоло савол надодаам муҳтарама. Оё шумо тоқат карда метавонед?» гуфт устод. «Имрӯз пас аз дарс, ҳар сеи шумо ҳама деворҳоро тоза менамоед.»

Рӯи Сарҳад якбора тағйир ёфт.

«Мебахшед устод ду кас» ӯ ба муаллим ёд дод.

«Ман чӣ гуфта истодаам, хуб медонам мӯҳтарам Сарҳад.» ҷавоб гардонд устод.

«Дар ин ҳолат шахси сеюм кист?» пурсид Сарҳад.

«Албатта шумо.» ҷавоб кард устод.

«Ман!» Сарҳад ин ҷавобро интизор набуд.

«Айнан шумо! Шумо дар ин синф сардор, ҳамин тафр не? Ва баъд аз тоза намудан ба шумо мебоист, ки синфро қабул кунед. Аз ин бармеояд, ки шумо масъулиятро ҳис намекунед. Барои ин шумо низ ба ҷазо сазовор ҳастед» ҷавоб кард устод.

Фаришта ва Мустафо ба якдигар бо табассум нигоҳ карданд. Устод синфро тарк кард ва Фаришта аз қафои устод давида баромад.

«Мебахшед устод, Вале ин кори Мустафо нест. Ӯ танҳо ба ман ёрӣ расонд.» гуфт Фаришта.

«Албатта инро Мустафо накардааст. Мустафо ба ин тавр корҳои паст қодир нест. Ман медонам ин кори кист». гуфт устод ба Фаришта нигоҳ карда. Фаришта табассум кард ва устод низ ба ӯ табассум карду рафт. Фаришта ба синф даромад.

«Мустафо, як зарбулмасали тоҷикӣ буд, дар ёд дорӣ?» ӯ бо овози баланд аз Мустафо пурсид. Сарҳад ба Фаришта нигоҳ кард.

«Кадом зарбулмасал?» ба савол саволе гардонд Мустафо.

Бурро ва дона-дона Фаришта гуфт: «Чоҳгар зери чоҳ» Мустафо ва Фаришта ба якдигар табассум мекарданд. Аммо онҳоро дида Сарҳад ба дарёи ғазаб ғарқ шуд, аммо чизе гуфта натавонист.

Қисми ду. Дӯстӣ бо каси таркидунёкарда

Дарс ба итмом расид ва Мустафо ба хона омад. Даме, ки ӯ ба хона даромад, аз ошхона садои тақар — туқур меомад. Дар он ҷо волидони ӯ бо чизе машғул буданд. Мустафо дари ошхонаро кушод.

«Чӣ кор карда истодаед» ӯ аз волидонаш пурсон шуд.

«Мошинаи ҷомашӯӣ вайрон шудааст ва падарат онро таъмир карда истодаанд» ҷавоб дод Марям.

Насим аз қафои мошин ба Марям нигоҳ карду гуфт: «Марям, ба ман анбӯр ор!»

«Анбӯр дар анбор буд. Ҳозир меорам» Марям бошитоб аз ошхона баромада истода буд, ки Мустафо саросема гуфт: «Истед модар!» Модар истод.

«Абӯрро ман меорам» гуфт Мустафо.

«Не, либосат ифлос мешавад» рад кард модар, азбаски намедонист, ки дар анбор чӣ вуҷуд дорад.

«Не, ман меорам» гуфт Мустафо ва ба тарафи анбор рафт. Ӯ ба пеши дари анбор оҳиста наздик шуд ва муддате истод. Ӯ худро барои ба даст гирифтан нафаси чуқур кашид ва оҳиста ба даруни анбор даромад. Дар ҳамон лаҳза овози Зевар омад: «Медонистам, ки ту меоӣ»

«Барои модарам аз ту натарсидан ман худам омадам. Акнун ту метавонӣ, буроӣ» гуфт Мустафо нотарсона.

Зевар аз қафои ҷевон баромад.

«Модарат маро намебинад» гуфт Зевар

«Чаро?» пурсон шуд Мустафо

«Дар ин дунё на ҳама қобилият доранд, ки бо рӯҳҳо сӯҳбат намоянд» ҷавоб кард Зевар.

«Яъне» гуфт Мустафо бо оҳанги саволӣ.

«Яъне ту қобилияти ноёб дорӣ. Ин қобилият аз ҳазорон ба як кас дода мешавад.» гуфт Зевар.

«Аммо ман барои ин чиз омадам» гуфт Мустафо анбӯрро аз қутие, ки дар пеши девор истода буд, гирифта.

«Аз ту як илтимос, чизҳои хонаро вайрон накун» гуфт Мустафо бо нимтабассум Зевар табассум кард. Мустафо ба тарафи дар гашт.

«Боз меоӣ?» Зевар пурсон шуд бо умед.

«Ман дар ҳаминҷоям» ҷавоб дод Мустафо ва баромада рафт. Зевар табассум кард ва худ ба худ гуфт: «Ту дар ҳаминҷоӣ, аммо ман аз ту чӣ мехоҳам, ҳатто тасаввур карда наметавонӣ.»

Шом! Мустафо бо волидонаш хӯроки шомро тановул мекард, Марям гуфт: «Мустафо, либосҳоят, китобҳоят ҳама чизҳоят дар рӯи хонаат чаппаю роста аст. Хонатро тоза нигоҳ дорӣ намешавад?»

«Хуб! Пагоҳ ҷамъ мекунам» ваъда дод Мустафо.

Пас аз хӯроки шом Мустафо ба хонаи худ рафт. Дар ҳақиқат ҳам ҳама чиз дар рӯи хона буд. Мустафо аз болои чизҳо гузашту хоб рафт.

Субҳ! Мустафо аз хоб бедор шуд ва хонаро дида дар ҳайрат монд. Зеро ки хона ҷамъ карда шуда буд. Ҳамаи либосҳо дар ҷевон овезон ва ҳамаи китобҳо дар ҷевони китоб тахт буд. Мустафо хурсандона ба поён фаромад.

«Ташаккур модар хонаамро басомон кардаед» Мустафо ба модар миннатдорӣ баён кард.

«Ба фикрат ҳамон хона басомон аст? Шӯхӣ накун ва аз мактаб омада ҷамъ кун!» гуфт Марям.

Мустафо ҳайрон шуд. Ӯ лаҳзае хаёл карду дар рӯи ӯ табассум пайдо шуд.

«Хуб» гуфт Мустафо ба Марям ва барои дасту рӯ шустан ба ҳаммом рафт. Даме ки ӯ дарро кушод, дар дарун Зевар истода буд. Мустафо яку якбора дида тарсиду гуфт: «Илтимос, якбора пайдо машав!»

«Оё ту дирӯз нагуфтӣ, ки аз ман наметарсӣ?» суол дод Зевар, гарчанде, ки ба ин савол ҷавобро медонист.

«Ман ҳоли одат накардаам» гуфт Мустафо оҳиста.

Даме, ки Мустафо дасту рӯи худро мешӯст, Зевар ӯро тамошо карда меистод.

«Ташаккур» гуфт Мустафо даме истода.

«Чаро» пурсид Зевар

«Барои он, ки дар шаб хонаи маро тоза намудаӣ» ҷавоб кард Мустафо.

«Намеарзад» табассум кард Зевар.

Баъд аз наҳорӣ Мустафо барои мактаб рафтан аз хона мебаромад ва Зевар аз ақиби ӯ меомад. Мустафо истод ва ба ҳар тараф нигоҳ карду бо овози паст аз Зевар пурсид: «Ту ба куҷо?»

«Ман ҳам бо ту ба мактаб меравам» гуфт Зевар.

«Не, ба чашми ягон кас меафтӣ» гуфт Мустафо.

«Не, ҳеҷ кас намебинад» Зевар дар суханони худ истодагарӣ кард. Мустафо илоҷи дигаре надошт.

Онҳо якҷоя ба синфхона даромаданд. Сарҳад рост истода, бо як дасташ ба курсӣ такя карда ва дасти дигарашро ба миён гузошта истода буд.

«О киро дида истодаем» гуфт Сарҳад бо оҳанги масхара. Ногаҳон курсӣ, ки ӯ такя карда истода буд, бо баробари Сарҳад ба замин афтид. Хонандагон аз ханда худро дошта наметавонистанд. Сарҳад аз ҷои худ парида хесту ба ҳар тараф саросема нигоҳ кард.

«Курсиро кӣ кашид?» суол дод ӯ ва овози ханда, ки қариб хомуш гашта буд, боз ҳам баландтар шуд. Мустафо низ табассум карда меистод.

«Агар ту худатро дошта натавонӣ, дар ин ҷо айби мо нест.» гуфт Фаришта бо табассум.

Аммо ғайр аз Мустафо ҳеҷ кас намедонист, ки ин кори Зевар буд. Дарсҳо бо табъи болида ба итмом расид. Мустафо ва Зевар ба роҳ баромаданд. Дар роҳ Мустафо ба Зевар сухан намекард. Зеро ки бо чашми дигарон Мустафо гӯё худ ба худ гап мезанад. Мустафо инро медонист аммо ӯ ба Зевар нигоҳ карда мемонд. Вақте ки онҳо аз пеши одамон мегузаштанд, санги тӯморе, ки Зевар дар гардани худ дошт, гоҳ кабуд мешуду гоҳе ба сурх табдил меёфт. Дар роҳ як писаре онҳоро дид ва бо шубҳа нигоҳ карда меистод аммо Мустафо ва Зевар ӯро пайхас накарданд. Онҳо ба хона омаданд. Даме ки Мустафо ба хонаи худ медаромад, Зевар аз ақиби ӯ меомад.

«Ту ба куҷо» Мустафо ба хона надаромада аз Зевар пурсид.

«Ба хона» ӯ ҷавоб дод.

«Зевар ман либос иваз мекунам» гуфт Мустафо абрӯҳояшро боло карда.

«Фаҳмо» гуфт Зевар ва ба анбор даромада рафт. Занги дар зад. Марям дарро кушод ва як писаре истода буд. Ин ҳамон писаре буд, ки Мустафо ва Зеварро дар роҳ дида буд. Ӯ ба Марям салом дод ва дар дастонаш матоъҳои рангин буд.

«Мабодо матоъ намехаред?» ӯ аз Марям пурсид.

Марям муддате ба матоъҳо нигоҳ карда истод.

«Биё, ба хона даро! Як бор матоъҳоятро аз назар гузаронам, агар писанд ояд мехарам.» гуфт Марям ва писарро ба хона даровард. Марям ҳама матоъҳоро бо навбат аз назар мегузаронд, аз писар пурсон шуд: «Чӣ ном дорӣ?»

«Наримон» ҷавоб кард писар.

«Наримон, ҳоло мактабро тамом накардаӣ, ҳамин тав не?» пурсон шуд Марям.

«Бале, дар синфи нӯҳ мехонам» ҷавоб кард Наримон. «Писарам Мустафо низ дар синфи нӯҳ таҳсил менамояд» гуфт Марям.

Аз байн лаҳзае гузашт.

«Ба куҷо даст шӯстан мумкин аст?» пурсид Наримон.

«Аз ин ҷо мебароӣ, дасти чап. Хоҳӣ ба ошхона даро, хоҳӣ ба ҳаммом» ҷавоб кард Марям чашмонашро аз матоъ наканда. Наримон хесту аз хона баромад. Ӯ ба ҳама ҷои хона нигоҳ мекард гӯё, ки касеро ҷустуҷӯ мекард. Ӯ аз дур дари анборро дид ва шубҳанок нигоҳ карда ба ӯ оҳиста наздик шуд. Ҳамон вақт Мустафо либосҳояшро иваз карда баромада буд, Наримонро аз ақибаш дид.

«Мебахшӣ, ту кистӣ? Мустафо суоле дод.

Аз овоз Наримон тарсиду ба ақиб нигоҳ кард ва гуфт: «Ман матоъфурӯшам ва барои даст шӯстан ошхонаро кофта истодаам. Модарат ҳамин тарафро нишон доданд.» ҷавоб гардонд Наримон.

«Не, ошхона дар ин ҷо нест. Биё! Ба ту нишон медиҳам» гуфт Мустафо.

Наримон ба пеши ӯ рафт. Мустафо ба ӯ роҳро нишон дод ва ба анбор нигоҳ карда монд. Наримон дар ошхона дастонашро шуст ва ба пеши Марям рафт.

«Наримон, ҳамин матоъ ба ман писанд омад. Ҳаминро мехарам.» гуфт Марям, як матоъро ба ӯ нишон дода. Наримон матоъро фурӯхт ва баромада рафт.

Шом фаро расид! Пас аз хӯроки шом Мустафо ба хонаи худ даромад. Дар хонаи ӯ Зевар аз тиреза моҳтобро тамошо карда нишаста буд. Мустафо омада ба пеши ӯ нишасту ӯ низ ба моҳтоб нигоҳ кард.

«Нақл кардан намехоҳӣ?» Мустафо суоле дод.

«Айнан чиро?» Зевар савол гардонд.

«Ҳаёти худатро. Аз ибтидо то ба охир. Инчунин сирру асрори ин тӯмор. Барои чӣ ӯ гоҳ кабуду гоҳе сурх мешавад?» ӯ донистан мехост.

Бесплатный фрагмент закончился.

Купите книгу, чтобы продолжить чтение.